Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири нави Япония аъзои ҳукуматро эълон кард


Шинзо Абе-сарвазири нави Япония
Маҷлиси поёнии парламенти Япония ё худ Ҷопон Шинзо Аберо дар мақоми сарвазири ин кишвар тасдиқ кард. Дар интихоботи парламентии 16-уми декабр ҳизби либерал демократ таҳти сарварии Абе пирӯзӣ ба даст оварда, ҳукмронии сесолаи ҳизби демократро хотима бахшид.
Абе Фумио Кишидаро ба мақоми вазири корҳои хориҷӣ, Итсунорӣ Онодераро ба мақоми вазири мудофиа, Таро Асоро ба мақоми муовини сарвазир ва вазири молия ва Тошимитсу Мотегиро ба мақоми вазири иқтисод, тиҷорат ва санотаи Япония пешабрӣ кард.
Абе 58-сола буда, ҳафтум сарвазири Япония дар давоми шаш соли ахир аст. Ҳукумати зери раҳбарии ӯ бояд иқтисоди дар ҳоли рукуд қарор доштаро, эҳё намояд. Ҳамчунон Абе бояд баҳсҳои минтақаӣ бо Чинро ҳаллу фасл намояд. Абе бори аввал дар солҳои 2006-2007-ум мақоми сарвазири Японияро бар ӯҳда доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG