Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиасғари Шеърдӯст мехоҳад, дар Тоҷикистон бимонад


Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, мехоҳад ба маъмурияти худ дар ин кишвар идома бидиҳад.

Хабаргузориии нимарасмии "Форс" менависад, бо вуҷуди чандин пешниҳод барои раҳбарии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ба назар мерасад, сафири кунунӣ қасди вогузории ин симмат ба дигаронро надорад. Дар ҳоле ки ба навиштаи "Форс", аз ҷумла ду пешниҳод мувофиқати кишвари мизбонро (Тоҷикистон) дарёфт кардаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, Алиасғари Шеърдӯст, ки аз соли 2007 ба ин тараф сафири Эрон дар Тоҷикистон мебошад, бо вуҷуди гузаштани панҷ сол аз маъмурияташ, қасди вогузор кардани ин мақом ба шахси дигарро надорад ва маъмурияташро дубора тамдид кардааст. Маъмурияти Алиасғари Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфта буд, вале барои якуним соли дигар тамдид шуд.

"Форс" менависад, бо он ки оқои Шеърдӯст дар тайи ин муддат хизматҳои шоёне дар ростои густариш ва тақвияти равобити ду кишвар дошта ва онгуна, ки дар веблогаш навишта, "дар тайи 17 соли ахир ва дар масъулиятҳои мухталифе, ки ӯҳдадор будааст, нисбат ба шиносонидани тоҷикон ва Тоҷикистон дар Эрон ва марказҳои илмӣ ва фарҳангии дунё талош кардааст," аммо пойфишории вай дар мақоми сафири Эрон дар Душанбе, сабаби ба вуҷуд омадани норӯшанӣ ва суолҳое шудааст.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, соли 2012 ба баландтарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон - "Рӯдакӣ" мушарраф шуд. Ин ҷоиза ба cафири Эрон барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" ва тарғибу интишори адабиёти тоҷик дар Ҷумҳурии исломӣ тақдим гардид. Ӯ ҳамчунин соли 2010 ба узвияи хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон барои таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон пазуруфта шуд.
XS
SM
MD
LG