Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Зане, ки мушовири амрикоиро кушт, "эронист"


Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, зане, ки рӯзи душанбе яке аз мушовирони амрикоиро дар Кобул ба қатл расонд, "эронист" ва Наргис ном дорад.

Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт: «Таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки Наргис миллияти эронӣ дорад. Ӯ пас аз издивоҷ бо як афғон тавонист ба таври ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандии Афғонистонро таҳия карда ва ба нерӯҳои пулис шомил шавад.»

Пеш аз ин Сиддиқ Сиддиқӣ, дар гуфтугӯ бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Наргис бомдоди душанбе бо тирандозӣ ба сӯи як мушовири амрикоӣ, вайро ба қатл расонидааст. Ба гуфтаи оқои Сиддиқӣ, хонум Наргис, ки 33-сола модари чаҳор фарзанд аст ва ду сол мешавад дар бахши ҳуқуқи башари пулиси Кобул кор мекунад. Вай афзуд, ки Наргис ҳоло дар боздошти пулис ба сар мебарад ва таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Тирандозӣ ба сӯи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз сӯи нерӯҳои афғон аз муддатҳо пеш ва борҳо ба вуқӯъ пайвастааст, аммо ин нахустин бор аст, ки як зан даст ба чунин коре мезанад.

Дар мавриди вазъияти ин зан, Сиддиқ Сиддиқӣ, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки «таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки аз ҳолати хуби равонӣ бархӯрдор нест ва аз таҳқиқоти 24 соати гузаштаи мо чунин бармеояд, ки ӯ ба ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат вобастагӣ надорад.»

Муҳаммад Зоҳир, раиси идораи таҳқиқоти ҷиноии Кобул низ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки Наргис 10 соли пеш бо як марди афғон издивоҷ карда ва панҷ сол пеш аз он дар идораи пулис ба кор даромадааст. Муҳаммад Зоҳир, афзуд, ки «вай дар эътирофаш гуфтааст, ки аз зиндагӣ хаста шуда ва қасд доштааст ё раиси идораи таҳқиқоти ҷиноӣ ё раиси пулисро бикушад.»

Вай афзуд, «Аммо Наргис пас аз ин, ки муваффақ нашуд вориди постгоҳи пулис шавад, ба сӯи як хориҷӣ тирандозӣ кард.»

Паймони НАТО талош дорад то поёни соли ҷори 350 ҳазор сарбоз ва пулиси афғонро омӯзиш диҳад то пас аз интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба давлати Ҳомид Карзай, ки қарор аст дар соли 2014 сурат бигирад, ба ин давлат кӯмак кунад. Аммо тирандозиҳои пай дар пайи сарбозони афғон ба сӯи ҳамкорони ғарбии худ, ки дар моҳҳои ахри рух дода ва то кунун боиси кушта шудани 50 тан аз сарбозони нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба Афғонистон шуд, ин амрро бо мушкилот рӯбарӯ кардааст.
XS
SM
MD
LG