Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенямин Нетаняҳу аз оғози корзораш хабар дод


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо оғози расмии корзори интихоботиаш гуфт, ӯ беҳтарин номзад барои ҳимояти Исроил аз таҳдидҳои ношӣ аз барномаи ҳастаии рақибаш Эрон аст. Нетаняҳу дар суханрониаш дар Байтулмуқаддас гуфт, Эрон барномаи ҳастаияшро ҳамоно пеш мебарад. Ӯ аз таҳдиди гурӯҳҳои зиддиисроилии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос ва бесуботие, ки исломгароҳо дар Ховари Миёна эҷод мекунанд, низ изҳори нигаронӣ кард. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки ҳизби Ликуди Нетаняҳу дар ҳамроҳӣ бо ҳизби қавмгарои Бейтейнуи вазири собиқи хориҷа Авигдор Либерман зоҳиран дар интихоботи 22 январ баранда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG