Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" аз Бразилия футболбоз хоҳад овард


Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки ба Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, мехоҳад ҳайъаташро дар соли оянда бо ҷалби легионерҳо аз Бразилияву Камерун ва Русияву Сербистон пурқувват кунад. “Истиқлол”, ки баъди ду навбат қаҳрамонӣ имсол ин унвонро ба “Равшан”-и Кӯлоб бохт, қасд дорад, дар соли 2013 ҳам унвони қаҳрамонӣ ва ҳам Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст биорад. Президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидов гуфтааст, тимашфеълан бо ду бозигар аз Русия, дуи дигар аз Сербистон ва як бозигар аз Камеруну якеи дигар аз Бразилия музокирот пеш мебарад. Аммо ӯ аз овардани исми онҳо худдорӣ карда, фақат гуфтааст, ки се тани онҳо ҳамлагар, яке дарвозабон, яке муҳофиз ва якеи дигар ниммуҳофизанд.
XS
SM
MD
LG