Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳои собиқ бекор намемонанд


Як сол пеш Роза Отунбоева аз мақоми президенти Қирғизистон ба истеъфо рафт, аммо мисли ду раҳбари қаблии ин кишвар ҳиҷрат ва ё фирор накард.

Ӯ ҳоло дар пайи ташкили як Бунёд ё худ фонде мебошад, ки дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии Қирғизистон мусоидат намояд. Чанде пеш Отунбоева дар Вашингтон бо хабарнигори Радиои Озодӣ нақшаҳои ояндаашро баррасӣ намуда, аз эҳтимол дур надонист, ки шояд рӯзе ба сиёсат баргардад.

Дар бораи қиёми Роза Отунбоева аз пешвои инқилоб то аввалин зани раҳбари давлат дар Осиёи Марказӣ қиссаи зиёде гуфта шудааст. Аммо як сол пеш баъди ҳукмронии 20-моҳаи Қирғизистон зимоми қудратро ба таври демократӣ ба президенти мунтахаби ин кишвар Алмосбек Отамбоев тақдим намуд. Дар як соли гузашта номи ин зани 62-сола дар сархатти хабарҳо ба чашм намехӯрд, вале ӯ мегӯяд, ки нуфузушро аз даст надодааст.

Чанде пеш дар ҷараёни боздид аз Вашингтон Отунбоева ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамоно мушовири давлат боқӣ монда, муназзам бо президенти кишвар Алмосбек Отамбоев ва сарвазир Ҷанторо Сотиболдиев дар бораи натиҷаҳои сафарҳо ва вохӯриҳояш бо сиёсатмадорони хориҷӣ табодули назар мекунад.

Дар ҳамин ҳол Отунбоева аз эҳтимол дур намедонад, ки рӯзе маҷбур мешавад, ба сиёсат баргардад: “То ҳанӯз ман бозгаштам ба сиёсатро пешбинӣ намекунам. Аммо бояд гӯям, ки мо кореро шурӯъ кардаему роҳ намедиҳем, ки он ноком гардад. Ҳамин тариқ агар зарур шуд, ба хотири ҳомияи он боз саф мекашем.”

Дар сафар ба Амрико Отунбоева бо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун, собиқ президенти ИМА Билл Клинтон ва мансабдорони ҳукумати ИМА дидору гуфтугӯ дошт.
Дар баробари он Отунбоева мебоист бунёди таҳти раҳбариашро дар ИМА сабти ном мекард, то имкони гирифтани грант аз ин кишварро ба даст орад. Отунбоева мегӯяд, вақти асосиашро барои танзими кори ҳамин бунёд, ки “Ташаббуси Роза Отунбоева” ном дорад, масраф менамояд. Отунбоева меафзояд, ин бунёд вазифаҳои зиёд дар пеш гузоштааст ва барои иҷрои он бояд сохтор ва тарзи корашро беҳбуд бахшад.

Ӯ тасмим гирифтааст, тавассути Бунёд баъзе мушкилиҳои иҷтимоии кишвараш ба монанди камбуди муассисаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон, мавҷи муҳоҷирати корӣ, ки боиси фирори ба истилоҳ “мағзҳо” ба хориҷ мегардад ва ҳамчунон набудани имкон барои занонро рафъ намояд. Бунёди Отунбоева ғанигардонии фарҳангии ҷавонон ва таҳкими равобити тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсояро низ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст.

Президентҳои пешини Амрико ва Қирғизистон Бил Клитон ва Роза Отунбоева.
Президентҳои пешини Амрико ва Қирғизистон Бил Клитон ва Роза Отунбоева.
Отунбоева ташкили Анҷумани қирғизҳои муқими кишварҳои хориҷиро, ки дар мови август дар Бишкек доир шуд, аз дастовардҳои худ мешуморад.
Мутаассифона, дар барномаи Бунёди Отунбоева чорабиние ба хотири мусолиҳаи байниқавмии ин кишвар ба чашм намехӯрад. Тобистони соли 2010-ум ҳам ҳукумати зери раҳбарии Отунбоеваро бо нокомӣ дар мутаваққифсозии низои байниқавмии қирғизҳо ва узбактабаорони ин кишвар дар вилояти Ӯш танқид кардаанд.

Отунбоева дар ин назар аст, ки президент Отамбоев бояд масъалаи оштии байниқавмиро дар саффи аввал гузорад: “Отамбоев фикр мекунад, ки агар ӯ вазъи иқтисодии кишварро устувор намояд, мушкилиҳои байниқавмӣ низ ҳал хоҳанд шуд. Шояд чунин мавқеъ дуруст бошад. Вале агар ман дар ҷои ӯ мебудам, ман аз ҳамаи имконот истифода мебурдам. Яъне ӯ бар ин назар аст, ки аз аввал масъалаи рақами якро ҳал кунад ва сипас ба ҳалли мушкили байниқавмӣ рӯ орад. Ман дар ҷои ӯ ба ҳалли масъалаҳо дар як вақт рӯй меовардам.Бархӯрди ман дигар аст.”

Отунбоева илова мекунад, ки назарашро дар ин масъала ба президент Отамбоев ҳам расондааст. Ӯ хулоса мекунад, ки кораш зиёд аст ва барояш фарқ намекунад, ки зимоми қудрат дар дасти ӯ мебошад ва ё каси дигаре.
XS
SM
MD
LG