Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гадоӣ"-и қочоқчиёни афғон дар Шӯрообод


Қочоқчиёни мусаллаҳ шабона дар деҳоти наздимарзии ноҳияи Шӯрообод нон "гадоӣ" мекунанд.

Сокинон мегӯянд, онҳо нимашабҳо пушти дари хонаи сокинон аз гуруснагии худ шикоят намуда, хоҳиш мекунанд, то барояшон чизи хурданӣ бидиҳанд. Ин қочоқчиён ба сокинон гуфтаанд, ки онҳо роҳи бозгашт ба кишварашонро надоранд ва маҷбуранд дар хоки Шӯрообод боқӣ бимонанд. Аммо ба гуфтаи сокинон, зиндагии пинҳонии қочоқчиён ғайритасаввур аст.

Як сокини Шӯрообод, ки нахост номашро ошкор шавад, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" дар ин робита гуфт, "онҳо ҳоло фақат шабона мегарданд ва рӯзона дар пинҳонгоҳҳои худ барои гарм шудан оташ даргиронда пинҳон мешаванд. Бузи кӯҳӣ ва харгӯшу кабк шикор карда мехӯранд. Дар гармиҳо ба фикрам ҳамон ҳамкоронашон кӯмак мерасонаданд, ҳоло дигар дар ин сардиҳо касе кӯмакашон намекунад. Барои ҳамин нон металбанд. Ин ҳам аз як деҳа як бор нон металбанд, зеро метарсанд, ки фардо дар ин ҷо низомиҳо омада, онҳоро боздошт мекунад"

Шумораи қочоқчиёни гадои афғон маълум нест, зеро онҳо танҳо ду нафарӣ ба деҳот ворид мешаванд ва ба гуфтаи сокинон шояд дигарон махфӣ мемонанд. Ба гуфтаи сокинон, аслан инҳо қочоқчиёне ҳастанд, ки гурӯҳҳои қочоқчии тоҷик маводи мухаддирашонро гирифта, маблағашонро бозпас намедиҳанд ва баргаштани онҳо бе маблағи маводи мухаддир ба Афғонистон, барояшон баробар ба марг аст.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Сафаров, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, инҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз ҳар ду ҷониб фиреб хӯрдаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳҳо дар кору зиндагии хеш раҳгум задаанд: "Онҳо аз Афғонистон аз роҳбарони худ маводи мухаддирро оварда, қисмеашро нахт мефурӯшанд ва қисми дигарашро нася ба ҳамкорони тоҷикашон медиҳанд. Онҳо дигар маблағро шояд бо сабабҳое, ки ҳамкорони тоҷикашон боздошт мешаванд, гирифта наметавонанд. Аз ин рӯ, дигар ба Афғонистон рафта наметавонанд. Маҷбуранд, ки бо сахтӣ дар ин ҷо пинҳон шуда зиндагӣ кунанд"

Аммо сокинон мегӯянд, аз ҳузури ин қочоқчиёни «гадо» дар ҳарос ҳастанд. Давлат Ҷамилов, як сокини Шӯрообод мегӯяд, дар зимистон нерӯҳои интизомӣ бо далели сардии аз ҳад беш наметавонанд, ин ҷо ҳузур дошта бошанд ва аз сӯи дигар қочоқчиён нисфи шаб пушти дари хонаҳо меоянд, ки боздошти онҳо аз сӯи низомиён ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Ҷамилов мегӯяд, беҳтар аст, то аз ҳисоби ҷавонону мардони деҳот, ки дар артиш хидмат кардаанд, гурӯҳҳои ихтиёрии муҳофизатӣ ташкил карда шавад, то худ бо қочоқчиён мубориза кунанд.

Ӯ гуфт: «Ин гуна ҷавонон зиёд ҳастанд ва танҳо бояд онҳоро бо силоҳ таъмин кард. Онҳоро ҳар сол омӯзиш гузаронанд ва ҳамчун ихтиёриён бе маош ҳам кор мекунанд. Ба фикри ман ин аз ҳама роҳи хуб аст, зеро то аз шаҳр ба деҳот расидани низомиён қочоқчиён худро дар Афғонистон мегиранд.»

Намояндагони мақомоти интизомӣ мегӯянд, воқеан, дар шароити зимистон гузаронидани амалиёт мушкил аст, аммо ба қавли онҳо, тасмими бо силоҳ таъмин кардани сокинони маҳалӣ дар салоҳияти онҳо нест. Қаблан, Неъмат Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод гуфта буд, ба хотири вуҷуди қочоқчиёни силоҳбадаст, сокинон метавонанд, яроқ шикорӣ бигиранд. Ӯ гуфта буд, ки барои ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт, ба сокинон кӯмак хоҳанд расонид.

Аммо ҳузури қочоқчиён дар ҳолест, ки тобистони имсол то оғози ҳаводиси Бадахшон, вазорати корҳои дохилӣ барои поксозии гурӯҳҳои кочоқчӣ амалиёти калонмиқёс гузаронида буд. Бо шурӯъи ҳаводиси Бадахшон ва хуруҷи нерӯҳо аз Шӯрообод, қочоқчиён дубора ба паноҳгоҳҳои худ ба Шӯрообод баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG