Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯъи ҳазорон нафар дар расми видоъ бо Билӯр


Башир Билӯр
Як вазири аз сӯи бомбгузори маргталаби Толибон кушташудаи устони Хайбар-Пахтунхва дар шимолуғарби Покистон дирӯз дар маркази ин вилоят – шаҳри Пешовар - ба хок супурда шуд. Дар расми видоъ бо Башир Билӯр ҳазорон нафар гирди ҳам омаданд. Билур ва 8 тани дигар рӯзи шанбе дар як гирдиҳамоии сиёсӣ кушта шуданд. Ҳадафи ин ҳамла, ки масъулияташро Таҳрики Толибони Покистон ба дӯш гирифт, зоҳиран Башир Билӯр буд. Толибон гуфт, сиёсатмадорони маҳалли дунявигароро ҳамчунон ҳадаф қарор хоҳад дод. Билӯри 69-сола раҳбарии ҳизби миллии авомро бар дӯш дошт. Ин ҳизб 5 сол боз бар устони Хайбар ҳукумат мекунад ва шадидан мухолифи чирикиҳои исломист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG