Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ котиби давлатии ИМА хоҳад шуд


Барак Обама ва Ҷон Керрӣ
Барак Обама ва Ҷон Керрӣ
Президенти ИМА Барак Обама сенатори демократ Ҷон Керриро ба вазифаи котиби давлатии ИМА, яъне ба мансаби вазири корҳои хориҷии ин кишвар пешбарӣ кард. Рӯзи ҷумъа дар Касри Сафед ҳангоми эълони ин тасмим Обама гуфт, ки Керриро раҳбарони саросари олам эҳтиром мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки сенат бидуни баҳсу талош Керрии 69-соларо дар мансаби котиби давлатии ИМА тасдиқ мекунад. Керрӣ 30 сол инҷониб узви сенат. Котиби давлатии феълӣ хонум Ҳилларӣ Клинтон эълон кардааст, ки моҳи оняда ба истеъфо меравад.
XS
SM
MD
LG