Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имсол ҳам дар зинаи аввал қарор хоҳад гирифт


Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2012 3 миллиарду 292 миллион долларро ташкил додааст ва он ба 48,3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ки дар гузориши мониторинг ва огаҳсозии барвақтӣ омадааст, танҳо дар моҳи ноябр ба Тоҷикистон 305,6 миллион доллар фиристодаанд, ки аз моҳи ноябри соли гузашта 11 дарсад бештар аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳои боло рафтани мизони пулҳои фиристодаи шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ ба ватан афзоиши шумораи муҳоҷирони кории тоҷик мебошад.

Бино ба гузориши мазкур, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 823 ҳазору 800 нафар дар ҷустуҷӯи кор Тоҷикистонро тарк кардаанд ва аз онҳо 575 ҳазору 500 нафар ба ватан баргаштаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки пулҳои муҳоҷирони тоҷик дар соли 2011 бештар аз 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст ва бо ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар зинаи аввал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG