Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Чехро аз мақомаш барканор карданд


Каролина Пеаке-вазири дифои ҷумҳурии Чех баъд аз 8 рӯзи фаъолияташ дар ин мақом аз вазирӣ барканор шуд. Рӯзи панҷшанбе Ватслав Клаус-раиси ҷумҳури Чех баъд аз чанд дақиқаи дарёфти пешниҳоди Пётр Нечас-нахуствазир хонум Каролинаро аз кор барканор кард.

Нахуствазир гуфтаасат, ки вазирро барои тасмими хусусиаш аз вазифа сабукдуш кардааст.

Пеаке бо барканор кардани се корманди боломақоми вазорат ғазаби раиси ҷумҳур ва нахуствазирро барангехтааст. Вай 12 декабр вазири дифоъ таин шуд ва дар ин муддати кӯтоҳ се мақоми вазоратро барканор кард.

Пеаке раиси Ҳизби Либерал-Демократи Чех аст, ҳизбе ки дар эътлоф камтарин аъзо дорад. Аъзои ҳизби Либерал-Демократ эълон кардаанд, ки аз мақомҳои худ дар ҳукумат истеъфо медиҳанд.
XS
SM
MD
LG