Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 корманди вазорати хориҷаи Амрико истеъфо доданд


Матбуоти Амрико гузориш додаанд, ки се корманди вазорати корҳои хориҷаи Амрико баъд аз гузоришҳои доғ дар бораи ҳамлаи моҳи сентябр ба намояндагии дипломатии Амрико дар Бенғозии Либия аз мақоми худ истеъфо додаанд. Дар ин гузоришҳо аз вазорат интиқод шудааст, ки он вақт вазорат натавонистааст вазъро дуруст идора кунад.

Телевизионҳои CNN, CBS ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз номи мақомоте, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабар додаанд, ки Эрик Боссвелл-ёвари вазир дар умури амният, Чарлин Лэмб-муовини ёвари вазир роҷеъ ба барномаҳои байналмиллилӣ истеъфои худро эълон кардаанд. Аз шахси севвум ном бурда нашудааст.

Пеш аз пахши ин хабар раҳбарони як кумиссиюни мустақили Амрико, ки ба ҳодисаи 11 сентябри Бенғозӣ расидагӣ карда буданд, дар гузориши вижаи худ ба Конгресси Амрико гуфтанд, ки амният дар намояндагии дипломатии Амрико дар Бенғозӣ ба таври зарурӣ таъмин набудааст.

Он вақт дар ҳамла ба ин намояндагӣ Кристофер Стивенс-сафир ва се корманди дигари сафорат дар ҳамлаи террористӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG