Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Ироқ $900 миллион қарз медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ эълон кардааст, ки ба Ироқ 900 миллион доллар кӯмак мекунад, то дар ин кишвар ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд ояд, ниҳодҳо қавитар шаванд ва аз манобеи Ироқ истифодаи самарбахш ба амал ояд.

Рӯзи сешанбе Маркази байналмиллалии қарздиҳӣ барои рушд дар эъломияе гуфт, ин барномаи чаҳорсоларо Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳукумати Ироқ таҳия кардааст, то он дар ҳамкорӣ бо мақомоти минтақаҳо, бахшҳои хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишмандон ва созмонҳои кӯмаккунанда иҷро шавад.

Дар эъломия омадааст, ҳадаф ин аст, ки Ироқ битавонад манобеи табиии худро ҳар чӣ самарбахштар идора кунад ва бахши хусусӣ рушд ёбад.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки Ироқ як кишвари ҷангзада аст ва вазъ дар он ҷо шикананда боқӣ мемонад. Барои ҳамин бояд захираҳои зиёди нафт ва нируи кории инсонӣ беҳтар истифода шавад ва замина барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ фароҳам ояд.
XS
SM
MD
LG