Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Windows phone store» вориди бозори Тоҷикистон мешавад


«Windows phone store», яке аз зерсохторҳои ширкати «Мicrosoft» эълон кардааст, ки минтақаи фаъолияташро васеъ мекунад.

Тибқи иттилое, ки «Windows phone store» дар сомонааш нашр намудааст, ояндаи наздик ин ширкат намояндагиашро дар 37 кишвари нав, аз ҷумла дар Тоҷикистон боз хоҳад кард. Ҳамин тариқ мағозаҳои фурӯши барномаҳо ва бозиҳои нав аз ширкати «Мicrosoft» дар 191 кишвари дунё дастрас хоҳанд шуд.

Ин барои соҳибони телефонҳои ҳушманде, ки аз низоми амалиётии «Windows phone», ки аз ҷониби «Мicrosoft» ҳамчун рақиби Android ва iOS пешбарӣ мегардад, хабари хуш арзёбӣ мешавад.

«Windows phone store», мағозаи барномаҳо аз ширкати «Мicrosoft» аст, ки тавассути платформаи мобилии Windows phone имкон медиҳад, барномаю бозиҳои ҷадид насб шаванд. Ин мағозаи интернетӣ ҳам аз телефони ҳамроҳ ва ҳам тавассути браузерҳо дастрас буда, дар он авоили соли равон ҳудуди 100 ҳазор барномаҳо пешниҳоди корбарон гардидаанд.

Аз ҷумлаи ахирин навовариҳо дар ин мағоза, гузинаи ҷустуҷӯи ҷаҳонӣ аст, ки раванди кофту коби матолиби гуногунро осон намуда, имкон медиҳад, натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар як ҷой аз назар гузаронда шаванд.

Масъулини «Windows phone store» дар сомонаашон хабар медиҳанд, ки минбаъд навовариҳои ин ширкат тавассути корти хотира ҳам дар телефонҳои мобилӣ насб мегарданд. Ин махсусан барои истифодабарандагони телефонҳои ҳушманд дар кишварҳое, ки алоқаи мӯътадили мобилӣ ё инернети беноқили Wi-Fi дар онҳо таъмин нест, муфид хонда мешавад.
XS
SM
MD
LG