Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Диёри Душанбе"- шаҳраки қатариён барои дороёни тоҷик?


Як ширкати қатарӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳраки наверо бо номи “Диёри Душанбе” бунёд мекунад.

Намояндагони ширкати "Қатари диёр" мегӯянд, дар канори "Кӯли ҷавонон" (рӯбарӯи Боғи ҳайвоноти Душанбе) аз рӯи нақша 5 бинои истиқоматӣ, марказҳои бизнес, минтақаи меҳмондорӣ, маркази савдо ва кӯдакистон хоҳанд сохт. Тарҳи мазкур аввали барномаи “Қатари Диёр” аст, ки то ҳол дар 29 кишвар манзил ва биноҳои маъмурӣ бунёд кардааст.

Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказист, ки аз хадамоти ширкати мазкур истифода мекунад. Саъд Ал-Отаибӣ, раҳбари минтақавии ширкати «Қатари Диёр», гуфт, марҳилаи аввали сохтмони «Диёри Душанбе», ки аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ шуруъ шудааст, бояд муддати 18 моҳ ба охир расида, ба истифода дода шавад. Ба қавли ӯ: “Ин аввалин сармояи давлати Қатар дар Тоҷикистон аст ва барои хариди хонаҳо бештар ба мардуми тоҷик аҳамият дода мешавад на ба хориҷиён, чун хонаҳо асосан барои муштариёни тоҷик сохта хоҳанд шуд.

Дар ҳоле раҳбари минтақавии ширкати «Қатари Диёр» муштариёни тоҷикро ба харидории ин хонаҳо даъват мекунад, ки нархи ин манзилҳо аз 200 ҳазор то ним миллион долларро ташкил дода, мардуми оддиро ки моҳонаашон ҳатто барои сарфаи рӯзгор ками мекунад, дар ҳайрат мегузорад. Ҳарчанд аксарияти сокинони кишвар мехоҳанд дар хонаҳои мудерн зиндагӣ кунанд, аммо ба гуфтаи онҳо, ин танҳо як орзу дар қалби онҳо боқӣ мемонад.

Нилуфар як сокини пойтахт аст, ки аз нархи осмонбусӣ ин хонаҳои истиқоматӣ нигаронӣ дорад. Вай гуфт, бо 800 сомонӣ маоше, ки ӯ мегирад, чунин хонаро танҳо дар хобаш мебинад. Ва ҳатто бовар дорад, ки дар тамоми ҳаёташ ин қадар маблағро ба даст оварда наметавонад. Нилуфар афзуд: “Нархи хонаҳои “Диёри Душанбе” барои мардуми одӣ тамоман дастрас нест. Охир аз куҷо як бечораву нодоре, ки ҳатто хона надорад, 200 ҳазор доллар дорад? Шаҳраки наве, ки бунёд мешавад, мисли маъмул, ин хонаҳоро ҳамон мансабдорону хориҷиён метавонанд харидорӣ кунанд. Ва шояд аллакай соҳибони ин хонаҳо аниқ бошад.”

Масъулони ширкати “Қатари Диёр” низ иддаои он, ки хонаҳо нархи гарон доранд ва мардуми оддӣ онро харидорӣ карда наметавонанд, рад накарданд. Алишер Убайдуллоев, менеҷери бахши фурӯши лоиҳаи «Диёри Душанбе» ба ин бовар аст, ки агар сад харидор пайдо шавад ва нархи хона барояшон писанд наояд, вале умед доранд дар ин баробари даҳ нафари дигар бе чуну чаро аз ин хонаҳои медерн харидорӣ мекунанд. Ҷаноби Убайдуллоев сабаби гаронии нархи хонаҳоро ба сарфи маблағи калон дар лоиҳа марбут донист.

Вай гуфт, хонаҳо дар ин шаҳрак бо тамоми санъати баланди меъморӣ сохта шуда, ҳатто ҳуҷра ва ошхонаҳояш бо мебелҳо муҷҷаҳаз мешаванд. “Шояд барои баъзеҳо нархи хона қимат бошад. Ман медонам, ки ҳама пеши мо намеоянд. Баъд ин ки мо мехоҳем дар ин хонаҳо нафароне зиндагӣ кунанд, ки сатҳи ҷаҳонбинии васеъ доранд. Умед дорем, ки хонаҳо соҳибони арзандаи худро пайдо мекунанд.”

Бибиноз Ғафурова, як масъули ин лоиҳа дар Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки нархи ин хонаҳо гарон аст, аммо дар чунин шаҳрак ё хонаҳо зиндагӣ кардан барои ҳар як нафар боиси ифтихор аст. “Зеро чунин бино танҳо дар давлатҳои пешрафта, мисли Амрикову Дубай сохта шудаанд”.

Масъулони ширкати қатарӣ, роҳандозӣ шудани ин лоиҳаро дар Душанбе, ба муносибатҳои “гарм”-и сиёсиву фарҳангии Тоҷикистону Қатар рабт медиҳанд. Аммо агар давлатҳое мисли Қатар бо Тоҷикистон муносибати хуб доранд, сармоягузоронашон бо бунёди чунин иншоотҳо чи сабукие барои мардуми Тоҷикистон хоҳанд овард?

Дар ҳоле, ки ҳамин тақрибан 7 гектар замини Тоҷикистонро Қатар харидорӣ карда ва бо ин роҳ мехоҳад, барои ҳар як муштари бар ивази аз 200 то 500 ҳазор доллар хонаи истиқоматӣ бифурӯшад. Бар асоси омори Агентии сохтмон ва меъморӣ, дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ширкати бинокорӣ фаъолият мекунад, ки наздики 100-тои онро ширкатҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ширкати “Қатар Диёр” дар ин шаҳрак биноҳои истиқоматии аз 2 то 12 ошёна месозад, ки дар онҳо хонаҳои аз 2 то 4 ҳуҷрагӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, масолеҳи сохтмонии он ба ҷуз сангу хок, боқӣ аз Туркия, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб харидорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG