Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"80 дарсади об дар навоҳии Тоҷикистон бесоҳиб аст"


Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо гузориши ҷадиди худро дар бораи вазъи экологии Тоҷикистон нашр кард.

Муаллифони гузориш, ки рӯзи 14-уми декабр муаррифӣ гардидааст, мушкилоти асосии экологиро дар Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тоза ва идораи партовҳо номидаанд.

Ба иттилои гузоришгарон айни ҳол дар Тоҷикистон ҳамагӣ аз се як ҳиссаи аҳолӣ ба оби хлоронидашуда аз қубурҳо дастрасӣ доранд ва ҳамагӣ 5 дарсади сокинон дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба қубурҳои обгузар пайвастанд. Таркиби бактериологии обро дар Тоҷикистон таҳлилгарони СММ ҳанӯз ҳам ташвишовар арзёбӣ мекунанд.

Гузоришгарони СММ бо ишора ба захираҳои бузурги об дар Тоҷикистон қайд мекунанд, ки камбудиҳои зиёд дар нигоҳдорию идора ва инфрасохтори кӯҳнаи хоҷагии об боиси он шудааст, ки мардум ҳанӯз ҳам ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

Дар ҳамин ҳол масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон» мегӯянд дар доираи лоиҳаи таҳиякардаашон барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ 9 миллиарду 600 миллион сомонӣ зарур аст. Ин ниҳод тасдиқ кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 48.6 фоизи мардум ба оби тозаи ошомиданӣ ва 12 фоиз бо оби ташноб таъмин асту халос.

Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», зимни нишасти ахири матбуотиаш дар шаҳри Душанбе, мушкили дигарро дар он гуфт, ки наздики 80 фоизи об дар навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон соҳиб надорад. Ӯ гуфт, «тибқи ҳисобҳои мо ҳамагӣ 22 фоизи низоми таъминот бо об дар деҳоти Тоҷикистон зери назорат аст. Боқимонда бесоҳиб аст. Вақте соҳиб нест, албатта назорат ва безараргардонӣ ҳам сурат нахоҳад гирифт.»

Тағоймуродов афзуд, ки дар навоҳии Тоҷикистон ҳастанд одамони алоҳида, ки барои об пул ҷамъ мекунанд, вале ягон ҳисобот надоранд: «Худашон маош мегиранд ва ду - се одами дигарро маош медиҳанд. Дигар на андоз, на фонди нафақа месупоранд.»

Тағоймуродов таъкид намуда буд, ки сар аз имсол, ки таъминоти об дар навоҳӣ ба салоҳияти ниҳоди зертобеаш гузаштааст, чораандешиҳоро барои ба низом даровардани ин соҳа бештар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG