Тибқи гузоришҳо, бар асари ин ҳамла инчунин беш аз бист тани дигар низ захм бардоштаанд.
Ҷовид Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор ба бахши афғонистонии радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса шоми панҷшанбе дар наздикии дарвозаи фурудгоҳи шаҳри Қандаҳор рух додааст.
Ба гуфтаи оқои Ҷовид Файсал, "шоми дирӯз дар чаҳорроҳие, ки аз Қандаҳор ба сӯи Спин Булдак (марз бо Покистон) меравад, корвони мошинҳои ISAF дар наздикии фурудгоҳ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа як сарбози хориҷӣ ва ду ғайри низомии афғон кушта шуданд."
Тибқи гузоришҳо, шахси интиҳоркунанда маводи таркандаро дар як мошин ҷобаҷо намуда ва худро дар муқобили дарвозаи фурудгоҳ мунфаҷир сохт. Мақомҳои маҳаллии Қандаҳор мегӯянд, захмиҳои ин ҳодиса, ки аксарашон ғайри низомиён мебошанд, ба бемористони Мирвайс ва бемористони низомии шаҳри Қандаҳор интиқол ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол Толибони мусаллаҳ бо фиристодани паём ба расонаҳои хабарӣ, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.
Дар ин авохир ҳамлаҳои Толибон ба нерӯҳои хориҷӣ ва афғон бештар шудааст ва дар оғози моҳи ҷорӣ дар як ҳамлаи маргталабонаи ҷангиёни Толибон ба пойгоҳи Амрико дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Ҷалолободи Афғонистон, се сарбоз ва ду шахси ғайри низомӣ кушта шуданд.
Дар ҳоли ҳозир ҳазорон сарбози нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва қарор аст то охири соли 2014 аз ин кишвар хориҷ шаванд.