Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар Македония ( Мақдуния)-ро масъули шиканҷа ва бадрафторӣ дар нисбати фарди муттаҳам бо терроризм донист.
Ҳукми додгоҳи Страсбург аввалин пирӯзии Холид ал-Мисрӣ мебошад.
Ӯ олмонии лубнонитабор аст, ки соли 2003-ум дар шаҳри Скопйе-пойтахти Македония, аз тарафи ходимони амниятии ИМА боздошт шуда буд. Ал-Мисрӣ мегӯяд, ки ибтидо ӯро 23 рӯз дар меҳмонсарои Скопйе нигаҳ доштанду сипас ба як зиндони пинҳонии Афғонистон интиқол дода, то соли 2004-ум дар ҳамон ҷо нигаҳ доштанд. Македония мегӯяд, ки дар рабудани ал-Мисрӣ нақше надорад, вале додгоҳ ҳукм баровард, ки ин кишвар бояд ба ал-Мисрӣ 78300 доллар ҷубронпулӣ диҳад.
Дар гузашта ал-Мисрӣ бо шикояте дар мавриди “боздошти фавқулода ва интиқоли бидуни ҳукми додгоҳ аз як кишвар ба кишвари дигаре” ба додгоҳҳои ИМА ва якчанд кишвари аврупоӣ муроҷиат карда буд, вале ноком шуд.