Бори аввал як мансабдори рус иқрор кард, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад назорати кишварро аз даст раҳо мекунад ва шояд аз сӯи ошӯбгарон сарнагун шавад.
Рӯзи панҷшанбе муовини вазири умури хориҷии Русия Михаил Богданов гуфт, ки Маскав имкони ба кишвар интиқол додани шаҳрвандони руси муқими Сурияро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод асосан занҳои бо мардҳои суриягӣ хонадоршуда ва фарзандони онҳоянд. Мансабдори рус афзудааст, ки бар пояи иттилои ӯ, бахши аъзами русиягиҳои муқими Сурия аз мухолифини мусаллаҳ пуштибонӣ мекунанд.
Русия аз ҳампаймонҳои деринаи Сурия маҳсуб мешавад ва хостори музокирот миёни ҳукумати Димишқ ва нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин ба хотири хатми низоест, ки 20 моҳ боз идома дорад. Русия ҳамроҳ бо Чин се бор ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба афзоиши фишори байнулмилалӣ болои Сурия вето гузоштааст.