Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз қарори Амрико "ҳайратзада" шудааст


Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба расмият шинохтани мухолифони Сурия аз тарафи Амрико, бар хилофи созишҳои қаблӣ дар бораи ҳалли сиёсии бӯҳрон дар он кишвари арабист. Сергей Лавров гуфт, аз қарори Вашингтон дар бораи ба расмият шинохтани эътилофи тозатаъсиси мухолифини Сурия ба ҳайси намояндагони қонунии ин кишвар “ҳайратзада” шудааст. Рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Маскав Сергей Лавров гуфт, ин чунин ҳаракат ба маънии он аст, ки “Амрико ба он такя мекунад,” ки мухолифон дар ҷанг бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия пирӯз хоҳанд шуд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе дар мусоҳибае бо телевизиони ABC эълом кард, ки кишвараш мухолифони Сурияро ба ҳайси намояндагони қонунии мардуми он кишвар ба расмият мешиносад. Ӯ афзуд, Эътилофи Миллии Сурия ба ҳадде фарогир аст, ки сазовори эътироф аз сӯи ҷомеаи байналмилал мебошад.
XS
SM
MD
LG