Лионел Мессӣ рӯзи якшанбе ба дарвозаи дастаи Реал Бетис ду гол зада, бо 86 гол дар як сол соҳиби рекорди нави ҷаҳонӣ шуд.
То ин вақт футболбози олмонӣ Герд Мюллер бо 85 гол дар соли 1972 беҳтарин нишонгири олам ба шумор мерафт. Мессӣ соли равон 74 дафъа дар ҳайати Барселона ва 12 мартаба дар ҳайати мунтахаби Аргентина тӯбро ба ҳадаф расондааст. Бо ин дастовард, имсол ҳам Мессӣ яке аз довталабҳои ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон мебошад.
Мессии 25-сола дар давоми се соли ахир пай дар пай соҳиби тӯби тилоӣ шудааст. То ин замон ягон нафар чор дафъа пайи ҳам ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашудааст. Ғолибони ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”- рӯзи 7-уми январи соли 2013 дар Сюрих эълон мешаванд
Дар назархоҳӣ сармураббиён ва капитанҳои тимҳои миллӣ, инчунин, хабарнигорон беҳтарин футболбози солро муайян мекунанд.