Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони маркази Душанберо арчаи солинавӣ оро хоҳад дод


Мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки дар майдони марказии шаҳр арчаи солинавӣ гузошта шавад. Арчаҳо ҳамчунин ҳама муасиисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистонро оро хоҳанд дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ИТАР-ТАСС бо ишора ба талаби баъзе рӯҳониён дар мавриди аз феҳристи идҳои расмӣ берун кардани Соли нав гуфтааст, ки “Тоҷикистон кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявист ва як гурӯҳи хурд наметавонад иродаи худро болои аксарият таҳмил кунад”. Мири Душанбе гуфтааст, ки “арчаи солинавӣ на рамзи масеҳият, балки рамзи фарорасии соли нав аст, ки дар аксари кишварҳои олам таҷлил мешавад”. Ӯ афзудааст, “Соли нав иди шодиву хурсандӣ барои аксарияти мардум, ба вижа, барои кӯдакон аст ва мо иҷоза намедиҳем, ки ин идро аз онҳо бигиранд”.

Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода тайид кардааст, ки миёни мусалмонҳои кишвар ақидаи аз байн бурдани Иди Соли нав вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, "ҳар шаҳрванд метавонад ин идро дар манзили худ дар ҳалқаи дӯстону пайвандонаш таҷлил кунад, вале он набояд дар сатҳи давлатӣ қайд карда шавад”.

ИТАР-ТАСС навиштааст, шаби Соли нави гузашта гурӯҳи ҷавонон ба Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки либоси Бобои барфӣ дар тан дошт, чанд корд заданд ва ӯ бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG