Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳвораи барқӣ ва мошини офтобӣ мехоҳед?


Автомобиле, ки бо нерӯи офтоб ҳаракат мекунад
Автомобиле, ки бо нерӯи офтоб ҳаракат мекунад

Ихтироъкорони ҷавони тоҷик, ки аз ҷумла компютеру автомобилҳои барқӣ сохтаанд, аз камбуди сармоягузор шикоят доранд.

Ду мошини сабукрави бо қувваи барқ ва энергияи офтоб ҳаракаткунанда, луғати электронии иборат аз 1 миллион калимаи забони тоҷикиву хориҷӣ, гаҳвораи барқӣ ва ба ин монанд ихтироотеянд, ки имрӯз дар Парки технологии «Фанновар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар интизори сармоягузор хобанд.

Аз ҷумлаи навтарин ихтирооти Парки технологӣ таҷҳизоти «Ком-садо» аст, ки маҳсули эҷоди Фараҳноз Маҳмадуллоева, донишҷӯи бахши якуми донишгоҳи технологӣ мебошад. Фараҳноз мегӯяд, таҷҳизоти ихтироънамудаи ӯро метавон дар корхонаву идораҳо истифода бурд. Он алоқаро миёни кормандони идораю муассисот танҳо бо пахши як тугмача таъмин мекунад ва вақти кормандонро сарфа месозад.

Исфандиёр Раҳматов, навовари дигари маркази «Фановар», компютери рӯйимизие ихтироъ намудааст, ки нисбат ба компютерҳои маъмулӣ зарари кам ва ҳаҷми хурд дорад. Исфандиёр мегӯяд, пеши роҳи мавҷҳои барои инсон зарароварро бо истифодаи тунука ва чӯб гирифтааст. Бартарии дигари компютерашро Исфандиёр дар он гуфт, ки барои кораш танҳо як ноқил истифода мешавад. Ҷузъиёти дигари он протсессор, UPS, колонка, танзимкунандаи қувваи барқ ва ғайра дар дохили худи компютер ҷой дода шудаанд.

Исфандиёр мӯътақид аст, дар сурати ба роҳ мондани истеҳсоли ин компютер дар дохили кишвар, имкон дорад, манфиати калони молӣ дарёфт гардад, вале ӯ ботаассуф илова намуд, ки то ҳол соҳибкоре ба ин ихтирои вай таваҷҷуҳ зоҳир накардааст.

Ба ақидаи ихтироъкорони маркази «Фанновар» аксари ихтирооти онҳо, ба монанди ҳамон дӯғкашак ва ё гаҳвораи барқӣ, ки ҳам «алла» мехонад ва ҳам ба воситаи барқ меҷунбад, кори ҳазорҳо нафарро осон мекунанд, вале маҳз набуди сармоягузор монеаи истифодаи васеи ихтирооти онҳо шудаанд. Ин аст, ки феълан Исфандиёр барин ихтироъкорони марказ, як қадре аз навовариҳояшон дилмонда шудаанд.

Тамкин Раҳмонов, сардори парки технологӣ-инноватсионии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯяд, гарчанде душвор аст, вале бояд истеҳсолотро ба роҳ монем ва равнақ диҳем: «Ҷавонон вақте дилгарм мешаванд, ки эҷодиёташон сармоягузорӣ мегардад. Аммо вақте ихтироот рӯйи қоғаз мемонаду касе харидори он нест, албатта кас руҳафтода мешавад.»

Аммо соҳибназарон бар онанд, ки барои пайдо шудани харидори ин ё он навоварӣ вақт даркор аст. Инчунин ихтироъкорон бояд мутмаин бошанд, ки маҳсули эҷодаш дар ин ё он соҳа рақобатпазир хоҳад буд.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисоддони тоҷик, ҳунару тавонмандии ҷавононеро, ки мехоҳанд, имрӯз дар соҳае навоварӣ ворид кунанд, паст баҳо дод ва гуфт, ки ба ҳамин хотир дар зинаи аввал хомӯш мешаванд. Ӯ мегӯяд дар ҷаҳони пешқадам бояд ҳар як эҷод ва кашфиёт чунон пурзӯр бошад, ки мавқеи худро дар бозор пайдо карда тавонад.
XS
SM
MD
LG