Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъмори бинои СММ дар Ню-Йорк оламро падруд гуфт


Оскар Нимейер, яке аз маъруфтарин меъморҳои муосир, шоми дирӯз дар синни 104-солагӣ дар бемористони шаҳри Рио-де-Женейро аз олам даргузашт.

Ӯ баъд аз бунёди биноҳои асосии ҳукумати Бразилия дар солҳои 60-уми қарни гузашта шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.

Оскар Нимейер ҳамроҳ бо меъмори швейсарӣ Ле Корбюзе тарҳи бинои СММ дар шаҳри Ню-Йоркро кашидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ то аввалҳои соли равон болои тарҳҳои меъмории худ кор мекард.

Маросими видоъ бо меъмори маъруф дар Кохи раёсатҷумҳурии Бразилия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG