Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ҷомӣ даҳҳо литр хунашонро хайр карданд


Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми хунсупорӣ
Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми хунсупорӣ

Наздики 150 сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар чаҳорчӯби иқдоми хайриявие, зиёда аз 30 литр хунашоро хайр намудаанд.

Ин тарҳи башардӯстона бо иқдоми бемористони марказии ноҳияи Ҷомӣ ба хотири кӯмак ба беморони ниёзманд, асосан занони ҳомила, ки бо бемории камхунӣ гирифторанд, иҷро шудааст.

Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳияи Ҷомӣ, гуфт, тайи се рӯзи аввали аксияи мазкур, наздики 1000 сокини маҳаллӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои беморони мӯҳтоҷ ба хун ва ҷузъҳои он ройгон хуни худро супоранд: «Раиси ноҳия ҳам, худи ман ҳам ихтиёран рафта хун супурдем. Баъзан беморон аз ноҳия барои дарёфти ҷузъи лозимаи хун то Қӯрғонтеппаю Душанбе барои ҷустуҷӯ мераванд. Бемориашон шиддат мегирад. Ҳоло, ки аксия гузаронидем, базаи хун дар ҳудуди ноҳия нигоҳ дошта мешавад ва ҳангоми зарурат барои муолиҷаи беморон истифода хоҳад шуд. Бисёриҳо аз ин иқдом истиқбол карданд ва мо ният дорем, ки боз якчанд марҳилаи дигари аксияро барпо кунем.»

Хонум Неъматова афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки шумораи донорҳои потенсиалӣ дар ноҳия афзун аст, чунин қарор шудааст, ки то поёни соли ҷорӣ марҳилаи дувуми аксияи хунсупории ройгон барпо шавад. Мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, табибон, омӯзгорон ва кишоварзону мардуми оддӣ ба беморхонаи марказии ноҳия омада, барои эҳтиёҷмандон хун супурдаанд.

Гавҳар Маҳмуродова, сокини ноҳияи Ҷомӣ, яке аз онҳост, ки мегӯяд, 300 грамм хуни худро ройгон ба маркази хун супурдааст. Вай афзуд, дар наздикии зоишгоҳи маҳаллӣ зиндагӣ мекунад ва ҳамеша шоҳиди он мешавад, ки даҳҳо зани ҳомила бар асари хунравии шадид мубталои бемориҳои сангин мегарданд. «Ҳар вақте хун супорам, дар роҳи ризои Худо мекунам ин корро. Ягон дирам пул намегирам. Рости гап, вақте мешунавем ва мебинем, ки чи қадар занҳо аз камхунӣ азоб мекашанд, баъзан одамон аз ҳисоби норасоии хунашон мемиранд. Ин даҳшат аст. Барои савобаш, барои хайр гуфта, ҳар вақте ки саломатиам дуруст бошад, омада хун месупорам, то ки ба кассе кӯмак шавад.»

Хонум Маҳмуродова пас аз ҳодисаи марги як зани ҳомила ба ҳангоми таваллуд, ки пеши чашмаш сар задааст, тӯли чанд соли охир аз донорҳои ҳамешагии маркази хун мебошад. Мегӯяд, худро хушбахт эҳсос хоҳад кард, вақте хуни супурдааш ҳадди ақал ҷони як модареро наҷот бахшад.

Вале ба эътиқоди Амридин Солиев, сарпизишки бемористони марказии ноҳияи Ҷомӣ, солҳои охир шумораи донорҳои хун якбора коҳиш ёфта, талаботи шадид ба хун ва ҷузъҳои гуногуни он эҳсос мешавад. Вай мегӯяд, дар гузашта мавридҳои зиёди реҳлати беморон бар асари камхунӣ ё ниёзмандӣ ба ҷузъҳои хун ба қайд гирифта шудааст. Бахусус афзоиши мизони маргу мири занони ҳомила дар натиҷаи хунравии зиёд ва саривақт пайдо накардани ҷузъи лозимаи хун мақомоти маҳаллиро барои барпо кардани як чунин аксияи хайриявӣ таҳрик додааст.

Ҷаноби Солиев мегӯяд, ки «ҳоло проблемаи асосӣ натанҳо дар ноҳияи мо, балки дар тамоми ҷумҳурӣ, ин камхунии занон, бахусус занони ҳомила мебошад. Барои ёфтани ҷузъи лозимии хун баъзан одамон ҳафтаҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Баъзан пулашон намерасад, ки хун бихаранд. Аз ин рӯ, мо иқдом пеш гирифтем, ки аксияи хайриявии хунсупориро доир кунем, то ки миқдоре хун «захира» созем. Ҳоло ҳар ҳафта хуни 20 нафар ихтиёриро гирифта, ба маркази вилоятии хун барои коркарду баҳодиҳӣ мефиристем…»

Ҳоло қимати 100 грамм хун, ки Маркази хуни вилояти Хатлон муқаррар кардааст, 69 сомонӣ мебошад. Ба иттилои масъулони бемористони Ҷомӣ, хунеро, ки аз сокинони маҳаллӣ дар доираи иқдоми ахир ҷамъоварӣ шуд, агар зарурати хариданаш пеш меомад, мебоист дастикам 18 ҳазор сомонӣ сарф мегардид.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар вилояти Хатлон ба хотири коҳиши ниёзмандии беморон ба хун ва ҷузъҳои он аз чунин як иқдоми хайриявӣ кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG