Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои соли 2012-ум аз назари мураббиён


Дилшод Восиев, нимҳимоятгар ва капитани дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, аз рӯи назархоҳии сармураббиҳои дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар дар соли 2012-ум дониста шуд. Алишер Тӯйчиев, дарвозабони тими “Истиқлол” ва мунтахаби Тоҷикистон, беҳтарин дарвозабон, Далерҷон Тухтасунов, бозигари “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов, капитани мунтахаби Тоҷикистон ва узви дастаи “Регар-ТадАЗ”, беҳтарин нимҳимоятгар, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) беҳтарин ҳамлагар, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”, беҳтарин мураббӣ ва Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар эътироф шуданд.
XS
SM
MD
LG