Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи яксони Тошканду Остона дар баробари НБО-и минтақа


Қазоқистону Узбакистон нисбати иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ, мавқеи яксон доранд.

Ин нуқтаро Кримбек Кушербоев, муовини сарвазири Қазоқистон дар Тошканд баён доштааст. Ин изҳорот дар арафаи сафари Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба Узбакистон, ки қарор аст дар ояндаи наздик сурат бигирад, садо дод.

Кушербоев таъкид кардааст, ки мавқеъгириҳои монанди Узбакистону Қазоқистон дар мавриди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооб, бо дастури раисони ҷумҳури ин ду кишвар сурат гирифтааст: «Дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа, ки хеле ҳассос ҳаст, Узбакистону Қазоқистон бо дастури сарони ин ду давлат мавқеи ягона ва ба ҳам мувофиқашударо доранд.»

Ин масъули қазоқ мушахассан аз нерӯгоҳи «Қамбарота» дар Қирғизистонро зикр намуда ёд карда, аз нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон, ки мояи норозигии шадиди Узбакистон аст, ёдовар нашудааст. Кушербоев дар мавриди "Қамабарота" изҳор доштааст, ки он бояд дар асоси пажӯҳишҳои байналмилалӣ бунёд гардад.

Ин дар ҳолест, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, моҳи сентябри соли равон зимни сафараш дар Қазоқистон ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои болооби Осиёи Миёна ҳангоми сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ манфиати кишварҳои поёнобро сарфи назар кунанд, ин ба ҷанг хоҳад расонд.

Ӯ дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"- и Тоҷикистон ва "Қамбарота"-и Қирғизистон таъкид намудааст, ки ин тарҳҳои бузург бояд бо кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон маслиҳат шуда, манофеи онҳо низ ба назар гирифта шавад: "Мо мехоҳем, қабл аз он ки сохтмон оғоз ёбад, қабл аз он ки бо кишварҳои бузург дар бораи бунёди нерӯгоҳ тавофуқ шавад, ташхиси бетарафона гузаронда ба мардуми худ маълумот диҳем, ки фардо бо онҳое, ки дар поёнобанд, чӣ хоҳад шуд."

Раисиҷумҳури Узбакистон, ки яке аз мухолифони тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" бо садди бештар аз 300-метрӣ аст, гуфта буд, ки тарҳи ин нерӯгоҳ дар замони Шӯравӣ таҳия шуда буд, вале ҳоло замону меъёрҳо тағйир кардаанд ва Душанбе низ бояд онҳоро риоят кунад.
XS
SM
MD
LG