Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози парвандаи "рабуда" шудани "Қорӣ Восит" дар Русия


Матбуоти Русия аз боз шудани парвандаи рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар хоки ин кишвар, хабар дод.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ҷустҷӯии Кумитаи бозрасии Русия дар ноҳияи Городишинои вилояти Волгоград, дар робита ба рабуда шудани Қорӣ Восеъ, собиқ фармондеҳи мухолифини пешини тоҷик, парванда боз кардааст.

Ин парванда дар ҳоле боз мешавад, ки аз рабуда шудани Абдулвосит Латифов беш аз як моҳ мегузарад. Ба дунболи нопадид шудани "Қорӣ Восит" дар қаламрави Русия, ҳамсараш дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки ба таври расмӣ мақомоти Русияро дар ҷараён гузоштааст, аммо то ба ҳол фарзияеро дар мавриди нопадид шудани вай ироа накардаанд.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Абдулвосит Латифов, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз оғози бозрасии парвандаи рабуда шудани Қорӣ Восит дар Волгоград, аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шудааст.

Абдулвосеъ Латифов, ки дар яке аз бӯстонсароҳои ноҳияи Городишинои Волгоград зиндагӣ мекардааст, рӯзи 20-уми октябр аз тарафи як гурӯҳ афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуд.

Пас аз як ҳафтаи рабуда шудани Қорӣ Восит модари ӯ, Латофат Имомова, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, писараш феълан дар Душанбе ҳаст. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шудааст, Қорӣ Восит рӯзи 24-уми октябр, аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Аммо ба муроҷиати расмии вакили мудофеи Қорӣ Восит ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикисон расман посух доданд, ки Абдулвосит Латифов ба Тоҷикистон интиқол дода нашудааст ва дар кадом пинҳонгоҳи вазорати умури дохила ва ё кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ намешавад.

Сарҳанг Раҳматулло Нӯъмонов, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари нопадид ва гӯё ба Тоҷикистон интиқол ёфтани Абдувосит Латифов воқеият надорад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, иттиҳомот алайҳи Абдулвосит Латипов асосан ба даврони баъд аз авфи соли 1999 рабт доранд. Қорӣ Восит аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 181 (гаравгонгирӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) ва 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Бино бар иттилои ин манбаъ, соли 2000 ӯ бо аъзои гурӯҳаш як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба гарав гирифта, дар ивазаш талаб кардааст, ки ҷонибдоронаш аз маҳбас озод шаван.

Як иттиҳоми дигар ба Исмоил Гулов, собиқ раиси ноҳияи Ваҳдат рабт дорад, ки солҳои 2000 ва 2001 ду маротиба ҳадафи сӯйқасди афроди мусаллаҳ қарор ёфта буд. Ин ҳамлаҳоро низ мақомот аз гурӯҳи Қорӣ Восит медонанд. Ҳамчунин як занро соли 2000 гӯё гурӯҳи Қорӣ Восит дуздида, бар ивази ӯ маблағ талаб кардааст ва ҳам яке дигар аз иттиҳомот ин аст, ки як нафарро дуздида, ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG