Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Миср ба раҳпаймоӣ омода мешаванд


Қарор аст, имрӯз тарафдорони мухолифин дар Миср ба нишони эътироз аз тарҳи нави Қонуни Асосӣ ва тамаркузи қудрат дар дасти раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ тазоҳуроти оммавӣ ва коршиканӣ кунанд. Мухолифини давлат аз эъломи Муҳаммад Мурсӣ ба хашм омадаанд, ки гуфт, раъйпурсии умумӣ дар мавриди тарҳи нави Қонунӣ Асосӣ рӯзи 19 декабр баргузор мешавад. Тарҳи мазкурро, як гурӯҳи умдатан исломгароён ва тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ҳафтаи гузашта шитобкорона тасвиб карданд. Мухолифон мегуянд, ки дар ин тарҳ, ба ҳуқуқи занону аққалиятҳои мисрӣ беэътиноӣ шудааст. Муҳаммад Мурсӣ пештар аз ин бо судури дастуре салоҳиятҳои худро васеъ кард ва додгоҳҳои кишварро аз ҳаққи лағви дастуру фармонҳои худ маҳрум намуд. Мурсӣ гуфтааст, баъди пазируфта шудани Қонуни Асосӣ дар раъйпурсӣ ин дастури худро беэътибор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG