Масъулини ин вазорат мегӯянд, ки гирифтани пул ба унвони «тӯйёна» як навъ хушунат алайҳи духтарҳост ва ин амр боис шудааст, ки бештари духтарону писарон издивоҷ накунанд.
Мижгон Мустафавӣ, муовини вазири умури занони Афғонистон рӯзи якшанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки ба ҳадафи аз миён бардоштани ҳамин фарҳанг, дар кишвар маъракаеро ба роҳ андохтаанд. Ба гуфтаи вай, гирифтани пул ба унвони «тӯйёна» аз сӯи хонаводаҳои духтарон аз дидгоҳи шариати исломӣ ҷоиз набуда ва ин фарҳанг бояд аз миён бардошта шавад: «Шумо шоҳид ҳастед, ки сини издивоҷ дар Кобул ва ба хусус дар шаҳрҳои бузург боло рафта, ва садҳо ҳазор ҷавон ба хотири ҳамин масоил, ки ҷое дар ислом надорад, наметавонанд хонавода ташкил бидиҳанд.»
Масъулони вазорати умури занони Афғонистон мегӯянд, ки дар доираи ин маърака нишастҳои машваратӣ, нашри мақолаҳо дар мавриди ҳуқуқи занон аз тариқи Фейсбук роҳандозӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи хонум Мустафавӣ, дар қонунҳои Афғонистон барои касоне, ки дар ивази духтаронашон тӯёнаи зиёд талаб мекунад, даҳ сол ҳабс пешбинӣ шудааст. Вай ҳамчунон афзуд, ки дар қонунҳои ин кишвар фурӯхтани зан дар ивази мол, саркашӣ аз қонун шумурда мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури занони Афғонистон, маблағи «тӯйёна» дар бисёре аз вилоятҳои ин кишвар ба як миллион афғонӣ мерасад. Фаъолони ҳуқуқи занон дар Афғонистон мегӯянд, бархе аз хонаводаҳо ба хотири пул, духтарони худро дар сини хурдӣ ба шавҳар медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони вазорати ҳаҷҷ ва авқофи Афғонистон низ мегӯяд, ки дар ислом танҳо маҳр, ки он ҳам ҳаққи духтар аст, ҷоиз мебошаду халос. Кароматуллоҳ Сиддиқ, муовини вазири ҳаҷҷ ва авқофи ин кишвар ба «Озодӣ» гуфт: «Тӯйёна дар ислом расмият надорад. Ин як миқдор пуле аст, ки касе бо номи ширбаҳо, тӯйёна мегирад. Ин як ҷоҳилият аст, ки дар қарни 21 болои духтар ва фарзанди Афғонистон таҳмил мешавад.»
Дар баробари қатл, латту кӯб ва издивоҷи қабл аз вақти духтарҳо, гирифтани тӯйёна аз сӯи хонаводаҳои духтарон, мавориди дигареанд, ки ба унвони саркашӣ аз қонун ва хушунат алайҳи духтарҳо ва занон пиндошта мешаванд. Мавзӯи хушунат алайҳи занон танҳо хоси Афғонистон нест ва занон дар дигар кишварҳо низ қурбонии хушунатҳои мухталиф мешаванд. Ба ин ҳадаф қарор аст дар моҳи феврали соли оянда дар саросари ҷаҳон як маърака алайҳи хушунати занон роҳандозӣ шавад.