Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи дӯстии "Фаронса-Тоҷикистон" таъсис шуд


Дар Фаронса ахиран, бо ҳузури тоҷикони муқими ин кишвар ва дипломатҳову вакилони Фаронса иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, ҳадафи созмони мазкур густариши муносибатҳо байни ду кишвар бахусус дар арсаҳои тиҷоративу иқтисод, мусоидат ба рушди робитаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти саёҳӣ ва сармоягузории ҳарду кишвар аст. Анри Зиппер де Фабиани дипломати варзида ва сафири собиқи Фаронса дар Душанбе раҳбари ин иттиҳодия интихоб шудааст. Дар поёни анҷумани таъсисии иттиҳодия филми мустанадеро дар бораи Қарокӯл намоиш додаанд, ки аз ҷумла бо мусоидати донишмандони Фаронса таҳия шудааст ва дар бораи сарнавишти ин кӯли Тоҷикистон нақл мекунад, ки 10 миллион сол пеш ба асари суқути шиҳоб дар ин гӯшаи кӯҳистонии кишвар ба вуҷуд омадааст.

Видеоҳои охирин

Навбати танзим ба бузкашӣ расид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:42 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG