Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 кушта дар ҳамла ба майдони ҳавоии Ҷалолобод


Ҳамлаи маргталабонаи ҷангиёни Толибон ба пойгоҳи Амрико дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Ҷалолободи Афғонистон, бино ба хабарҳо, се сарбоз ва ду мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Дар бораи ҳалокати 9 ҷангӣ ва захмӣ шудани чандин сарбози НАТО низ гузориш шудааст. Сухангӯи нирӯҳои НАТО Гюнтер Катс гуфт: “Ҳамла ба майдони ҳавоии Ҷалолобод субҳи имрӯз сурат гирифтааст. Таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки зоҳиран 3 ҳамлагари маргталаб бо мошинҳо ба пойгоҳ ҳамла карданд. Девори пойгоҳ шикаста нашудааст ва аз ин рӯ дар амал касе вориди пойгоҳ шуда натавонист.”
Хабарҳои тасдиқношуда мегӯянд, ки ҷангиён либоси Урдуи давлатии Афғонистонро дар тан доштаанд.
XS
SM
MD
LG