Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгориҳои Ислом дар Исроил тоҷиконро ҷалб кардааст


Қисмати ғарбии масҷиди Ақсо
Қисмати ғарбии масҷиди Ақсо

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони тоҷик, ки майли сафари Исроил доранд, вақтҳои охир ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ҳабиб Саидов, роҳбари ширкати сайёҳии «Asianatrаvel», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таи як соли ахир сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Исроил бештар аз 2 маротиба афзудааст: "Дар 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо тариқи ширкати мо 80 нафар аз ин кишвар дидан карданд. Соли гузашта ин теъдод ҳамагӣ 46 нафарро ташкил медод."

Ҷаноби Саидов афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон асосан бо ҳадафи зиёрати ҷойҳои муқаддас ба Исроил сафар мекунанд: "Барои зиёрати Байтулмуқаддас мераванд. Баъдан, онҷо Баҳри мурда ҳаст, ки обаш барои касалиҳои пӯст манфиати калон дорад. Ҳамчунин масҷидҳои калонро зиёрат мекунанд. Баъд аз Маккаву Мадина, сеюм масҷиди калонтарин дар худи Иерусалим, масҷиди «Ақсо» аст. Ин масҷидро тамошо ва санги муаллақро зиёрат мекунанд».

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдусаттор Ҳафизови 43- сола, сокини ноҳияи Ҳисор, авввали моҳи ҷорӣ аз Исроил баргашт. Вай мегӯяд, тайи ду ҳафта бо як гурӯҳ сайёҳони тоҷик дар ин кишвар буд ва қадамҷои паёмбару қабрҳои саромадони дини мубини Исломро зиёрат намудааст. Ӯ хароҷоти сафарро 2.5 ҳазор доллар ва таассуроташро мусбат гуфт: «Бениҳоят маъқул шуд! Тараққиёти дигар шаҳрҳоро дидем. Омада ба фарзандҳо гуфтем, ки хонед, дар дигар ҷойҳо илму техника хеле пешрафт кардаст ва дониш даркор будааст.»

Аммо бо ин ҳам Ҳафизов гуфт, дар оянда нияти зиёрати Каъбаро дорад: «Пеш аз ҳаҷ бояд мазору қабристонҳоро зиёрат кунем. Нияти ман ҳам дар оянда ҳаҷ рафтан аст. Барои ҳамин роҳбаладамонро, ки забони англисиро хуб медонист, хоҳиш намудем, ки ба шиносномаҳоямон мӯҳри Исроилро назананд, чун дар бархе кишварҳои исломӣ онро хуш қабул намекунанд. Ба шиносномаи як ду кампиру муйсафед мӯҳр заданду дар шиносномаи мо не».

Дар ҳамин ҳол, Давлат Ҳабибов, раиси Анҷумани рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, гуфт, теъдоди хоҳишмандони зиёрати ҷойҳои муқаддас дар Тоҷикистон афзудааст ва мувофиқан шумораи ширкатҳои сайёҳие, ки махсус дар ин самт кор мебаранд, зиёд гардидааст: "Дар мо чор ширкат аст, ки махсусан ба ташкили зиёрати ёдгориҳои Ислом машғуланд."

Ба иттилои Ҳабиб Саидов, роҳбари ширкати сайёҳии «Asiantrevel», дар моҳи декабр ширкати онҳо боз як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мақсади сайёҳат ба Исроил мебарад.

Дар ҳамин ҳол тибқи омори расмӣ, таи 9 моҳи соли ҷорӣ, ҳудуди 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи сайёҳат ба хориҷи кишвар сафар кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 2 ҳазор нафар камтар мебошанд.
XS
SM
MD
LG