Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи Умумии СММ ҳаққи Фаластинро бештар кард


Ҳайати фаластинӣ пас аз эълони райъдиҳӣ дар Маҷмаи умумии СММ, хушҳолии худро пинҳон надоштанд.
Ҳайати фаластинӣ пас аз эълони райъдиҳӣ дар Маҷмаи умумии СММ, хушҳолии худро пинҳон надоштанд.

Маҷмаи Умумии СММ ба ҷонибдорӣ аз қатъномае дар бораи мақоми ҳуқуқии Фалстин дар ин созмони муҳими байналмиллалӣ раъй дод.

138 кишвар аз ин қатънома ҷонибдорӣ карданд, 9 кишвар раъйи мухолиф доданд ва 41 кишвар аз райдиҳӣ худдорӣ намуданд.

Қабл аз оғози райдиҳӣ Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин аз СММ хост, ки “санади таваллуд ё ташкили Фаластин”-ро мунташир созад. Риёд Мансур, намояндаи Фаластин дар СММ баъд аз райдиҳӣ хеле хушҳол ба назар мерасид ва ин гуна изҳори ақида кард: “Имрӯз рӯзи таърихӣ буд, райдиҳӣ ғайриоддӣ гузашт.Ҷонибдорони мо зиёд буданд. Аз се ду ҳиссаи аъзои СММ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин раъй доданд. Маҷмаи Умумӣ Фаластинро чун давлат қонунӣ кард ва онро аз кишвари “нозир” ба кишвари “ғайри узв” табдил дод.”

Аммо Рон Просор, намояндаи Исроил дар СММ бори дигар таъкид кард, ки давлати яҳудиҳо хостори сулҳ бо Фаластин аст ва ин қатънома раванди сулҳро ба ақиб мекашад. Вай афзуд, танҳо музокироти дуҷониба метавонад заминаҳои расидан сулҳро фароҳам созад: “Ягона роҳи расидан ба сулҳ тавофуқоти ҷонибҳост, на қаътномаи СММ, ки аз амнияти ҳаётии исроилиҳо ва манофеи миллии онҳо сарфи назар мекунад. Ба сабаби он, ки ин қатънома яктарафа аст, наметавонад раванди сулҳро ба пеш ҳидоят намояд, балки ба ақиб мекашад”.

Баъд аз хатми райдиҳӣ хонум Сюсан Райс, намояндаи Амрико дар СММ натиҷаҳои райдиҳиро “таассуфовар ва зиддунақиз” арзёбӣ кард ва афзуд, ин қатънома мушкилоти дигаеро дар раванди таъмини сулҳ пеш меорад. Тибқи ин қатънома, Фаластин дар СММ ба истилоҳ аз кишвари “нозир” ба кишвари “ғайри узв” табдил ёфт. Ин мақом имкон медиҳад, ки Фаластин ба узвияти ожонсиҳои СММ дарояд ва Додгоҳи байналмиллаии ҷурму ҷиноёт аз ҷумлаи ин ожонсиҳо ба шумор меравад. Акнун Фаластин метавонад бар зидди Исроил ба ин додгоҳ шикоят барад.

Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Ромаллоҳ воқеъ дар Каронаи Ғарбӣ боиси хушҳолӣ ва таҷлил аз ин рӯйдоди барояшон муҳим шуд. Мардум парчамҳои Фаластинро ба эҳтизоз дароварда буданд ва мерақсиданд. Мошинҳо беист сигнал медоданд.
Бо вуҷуди ин хушҳолиҳо, таҳлилгарон мегӯянд, ки истиқлолияти воқеӣ барои фаластиниҳо ҳамоно мисли орзуе боқӣ мемонад ва ин истиқлол танҳо баъд аз расидан ба тавофуқоти сулҳ бо Исроил, муяссар хоҳад шуд.

Фаластин кишвари "нозири ғайри узв" дар СММ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
XS
SM
MD
LG