Додситонии кулли Қирғизистон хостори бознигарии ҳукми додгоҳ оид ба парвандаи Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии кишвар, шуд. Дар ин бора сухангӯи Додгоҳи Олии Қирғизистон Айнура Токтошева хабар дод ва гуфт, ки додгоҳи шаҳри Бишкек ҳанӯз рӯзи баррасии аризаи бознигариро муқаррар накардааст.
21 ноябри соли равон додгоҳи яке аз ноҳияҳои шаҳри Бишкек Равшан Собировро сафед кард ва ёвари ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадовро барои шаш сол бо мусодираи молу амвол маҳкум ба зиндон намуд.
Додситонии кулли Қирғизистон Равшан Собировро дар фасод ва иҷозаи аз сӯи хориҷиён фарзанд хондани кӯдакони қирғиз айбдор карда буд. Вазири собиқ рӯзи 5 июл аз сӯи кормандони амниятӣ боздошт шуд ва аз рӯзи 25 июл дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.
Равшан Собиров ягона вазири тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон буд.