Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Рикӣ» аз даруни чархи мошин ҳероинро кашф кард


Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорати маводи маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе 28-уми ноябр ба Озодӣ гуфт, ки «Рики»-саги бӯйгири хидматии ин ниҳод дар ноҳияи Дарвоз аз дохили чархи эҳтиётии мошини «Дэу Нексия», вуҷуди маводи мухаддирро ошкор намуд.

Пас аз он кормандони Оҷонсӣ балони мошинро боз карда аз дохили он 7 баста маводи сабзранг ва 1 халтаи селофанӣ маводи хокамонанди рангаш рӯшани дорои бӯи махсус берун оварданд. Дар ташхисгоҳи додгоҳӣ маълум шудааст, ки вазни маводи мухаддир 4 кило уда, аз навъи ҳашиш ва ҳероин будааст.

Ба қавли Саъдулло Раҳматуллоев, ронандаи мошини Дэу Нексия сокини ноҳияи Восеъ буда, феълан то анҷоми тафтишот аз овардани ному насабаи ӯ худдорӣ мешавад. Ронандаи ин мошин ҳамроҳи мусофираш, ки сокини ноҳияи Шуғнони Бадахшон будааст, боздошт шудааст. Ба иттилои Оҷонсии назорати маводи мухадир, ронандаи ин мошин қаблан дар Русия бо ҷурми нигаҳдорӣ, интиқоли маводи мухаддир аз тарафи Додгоҳ маҳкум шуда буд.

Саъдулло Раҳматуллоев меафзояд, ки агар дар амалиёти «Кӯкнор-2012», ки дар манотиқи Бадахшон идома дорад, сагҳои бӯйгир истифода нашаванд, ошкор кардани пинҳонкориҳои қочоқбарон осон ба даст намеояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза бо маводи мухадир барои кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар як давраи омӯзишии нигоҳдории сагҳои бӯйгирро дар ҳафтаи гузашта анҷом дод. Дар зарфи ду ҳафтае, ки ин давраи омӯзиши идома кард, намояндагони хадамоти кинологии мақомоти қудратӣ бо махсусиятҳои анатомӣ ва физиологии сагҳо, роҳҳои ҷустуҷӯи маводи мухаддир, қоидаҳои нигоҳубин ва таъмини ғизо ва тарзҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ошно шуданд. Феълан дар Тоҷикистон 22 саги бӯйгир дар гурӯҳҳои ҷустуҷӯии Оҷонсии маводи мухадир ва ниҳодҳои дигари қудратӣ, нигоҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG