Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса аз мақоми ояндаи Фаластин ҳимоят хоҳад кард


Лорен Фабиус
Лорен Фабиус
Фаронса мегӯяд, ки дар СММ барои он рай хоҳад дод, ки мақоми Фаластин боло бурда шавад ва аз мақоми “нозир” ба мақоми “давлати ғайриузв” гузаронда шавад.

Интизор меравад, ки рӯзи панҷшанбе бо дархости Фаластин дар Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба мақоми ояндаи Фаластин райдиҳӣ сурат бигирад.

Лорен Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса дар ҷаласаи порламони кишвараш гуфт, агар аз Фаронса, ки узви доимии Шӯрои Амният аст, дар ин бора суол кунанд, мо ба суол посухи мусбат медиҳем.

Рӯзи душанбе гурӯҳи тундрави Ҳамос гуфт, ки аз ин дархости Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳамос назорат бар Каронаи Ғарбии рӯди Урдунро дар ихтиёр дорад, дар ҳоле, ки Маҳмуд Аббос дар Навори Ғазза ҳукумат мекунад. Гурӯҳи Ҳамос ва Маҳмуд Аббос бо якдигар рақобат доранд.
XS
SM
MD
LG