Рӯзи сешанбе дар натиҷаи таркиши мошинҳои бамгузоришуда дар Бағдод ва манотиқи курднишини Ироқ 19 нафар кушта, 71 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба гуфтаи мақомоти интизомии Ироқ, дар Бағдод 3 мошини бамгузоришуда дар наздикии амокини муқаддаси шиаҳо таркидааст. 3 мошини дигар дар шаҳри Киркук таркид, ки якеи он ба дафтари Ҳизби Демократии Курдистон наздик буд.
Дар миёни кушташудагон кормандони амнияти Курдистон низ будаанд. Дар шаҳраки Ҳавиҷа, воқеъ дар ғарби Курдистон ва дар шаҳраки туркманнишини Туз Хурмату дар ҷануби Киркук низ инфиҷорҳо рух додааст ва талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.
Масъулияти ин таркишҳоро касе бар дӯш нагирифтааст.