Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ меоянд


Дар атрофи майдони Таҳрири Қоҳира бархӯрди оммавии эътирозгарон бо кормандони полис ба вуқӯъ пайваст. Нерӯҳои амниятӣ барои парокандасозии издиҳом аз гази ашковар истифода карданд. Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҳазор нафари норозӣ аз тасмими раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ барои афзоиши бесобиқаи ваколатҳояш барои ширкат дар гирдиҳамоӣ сӯи майдони Таҳрир роҳ гирифтаанд.

Нооромиҳои нав дар Миср баъд аз он шурӯъ шуданд, ки як ҳафта пеш Муҳаммад Мурсӣ бо нашри эъломияи конститутсионӣ аз ваколатҳои бештар бархурдор шуд.

Эътирозгарон мегӯянд, ки Мурсиӣ мехоҳад ба фиръавни нав табдил шавад ва талаб доранд, ки раисиҷумҳур эъломияро бекор кунад. То имрӯз бар асари эътирозҳои нав дар Қоҳира дасти кам як нафар кушта шуда, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Аммо Муҳаммад Мурсӣ дирӯз дар мулоқот бо додрасҳои воломақоми кишвараш гуфт, ки дар чаҳорчӯби ҳуқуқҳои худ барои тавсеаи салоҳиятҳояш амал кардааст.
XS
SM
MD
LG