Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср дар мулоқот бо додрасҳои болмақоми кишвараш гуфт, ки вай дар доираи ҳуқуқҳои худ барои тавсеаи салоҳиятҳояш амал кардааст.
Вай шоми душанбе дар ин мулоқот изҳор дошт, ки фармони вай дар бораи берун аз назорати додрасҳо фаъолият карданаш бо кори додгоҳҳои Миср муғоират надорад.
Фармони вай рӯзи панҷшанбе содир шуд ва рӯзи ҷумъа мухолифонаш ба тазоҳуроти эътрозӣ баромаданд. Вале ҷонибдорони Мурсӣ низ дар ҷавоб даст ба тазоҳурот заданд.
Дар натиҷаи эътирози ҷонибҳо як нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ҷонибҳо хост, ки мухолифатҳои худро аз ба таври сулҳомез ҳал кунанд.
Муҳаммад Мурсӣ гуфтааст, ки баъз аз интихоботи порламонӣ ва қабули Қонуни Асосии нав ин фармони худро ботил мекунад.