Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз барои тафтиш ҷасади Ёсир Арафотро боз мекунанд


Ёсир Арафот
Ёсир Арафот
Имрӯз коршиносони байналмиллалӣ ҷасади Ёсир Арафот-раҳбари пешини ташкилоти худгардони Фаластинро боз мекунанд, то бисанҷанд, ки воқеан барои куштан ба раҳбари Фаластин заҳр додаанд ё хайр.

Коршиносони Шветсария, Фаронса, Русия ва Фаластин дар ин кор ширкат мекунанд ва ҷасади вайро аз оромгоҳаш дар Ромаллоҳ мебардоранд.

Моҳи август мақомоти Фаронса барои расидагӣ ба марги Арафот дар Порис дар соли 2004 парванда боз карданд. Ин кор замоне сурат гирифт, ки як пажуҳишгоҳи Шветсия гуфт, дар либоси Арафот миқдори зиёди ташаъшуи плутониум мушоҳида шудааст.

Баъд аз даргузашти Арафот барои расидагӣ ҷасади вайро боз накарда буданд ва пизишкони Фаронса, ки Арафотро муолиҷа мекарданд, натавонистанд сабаби марги вайро ташхис кунанд.
XS
SM
MD
LG