Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Барак тарки саҳнаи сиёсӣ мекунад


Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак имрӯз бо як иқдоми ғайриинтизор эълон кард, ки аз ҳаёти сиёсӣ канор меравад. Барак гуфт, дар мақоми фармондеҳии артиш танҳо то поёни интихоботи моҳи январ хоҳад монд. Бараки 70-сола дар нишасти хабариаш дар Байтулмуқаддас гуфт, мехоҳад фурсати бештарро бо хонаводааш гузаронад:
«Имрӯз ман бо тасмими тарки ҳаёти сиёсӣ ва ширкат накардан дар интихоботи Кнессет пеши шумо қарор дорам. Ин тасмимест, ки бо сахтӣ, вале аз самими қалб гирифта шудааст.»
Ин эълон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз оташбасест, ки ба 8 рӯзи низоъи Исроил бо ҷангиёни фаластинӣ дар навори Ғаза поён дод. Барак аз соли 1999 то 2001 сарвазири Исроил буд ва аз соли 2007 дар мақоми вазири дифоъ ифои вазифа мекунад. Назарсанҷиҳо дар интихоботи моҳи январ барои ҳизби Атсмаути Барак натиҷаи нохуберо пешбинӣ мекарданд, вале мизони ҳимояти мардум баъди амалиёти Ғаза тақвият ёфт.
XS
SM
MD
LG