Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ барои мулоқот бо ҳамтоёнаш ба Бишкек рафт


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Имрӯз, 26-уми ноябр, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти ҳамтоёнаш аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари минтақа ба Бишкек рафтааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин мулоқот рӯзи 27-уми ноябр дар толори "Конгресс Ҳолл"-и пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Ба қавли манбаъ, интизор меравад дар ин дидору мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ масоили амният ва ҳамкориҳои кишварҳои минтақа, энержӣ, ҳифзи муҳити зист ва тақсими захоири об баррасӣ шавад. Инчунин, стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG