Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Каталония имтиҳони якпорчагии Испания хоҳад буд


Артур Мас-раиси ҳукумати Каталония
Артур Мас-раиси ҳукумати Каталония
Дар минтақаи Каталонияи Испания интихоботи порламонӣ баргузор шуд. Каталония ин интихоботро барои худ имтиҳоне барои ҳимояти бештар аз истиқлолият медонад. Артур Мас-раҳбари ҳукумати Каталония ин интихобои зудрасро бахше аз мубориза бо Мадрид барои истиқлол арзёбӣ кард.

Агар интихобкунандагон аз Артур Мас ҳимоят кунанд, вай қавл додааст, ки райпурсӣ баргузор мекунад ва дар он масъалаи ҷудо шудан аз Испанияро ба миён мегузорад.
Мас гуфтааст, ки бори гарони молиёти Испания бар дӯши Каталония аст ва агар аз Испания ҷудо шуда, чун кишвари мустақил ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд, барояш беҳтар хоҳад буд.

Аз панҷ як ҳиссаи тавлидоти Испания ба Каталония дуруст меояд ва мардуми минтақа эҳсос мекунанд, ки ҳукумати марказӣ дар Мадрид ба онҳо бахши камтари ин даромадро бозмегардонад.
XS
SM
MD
LG