Дар яке аз зиндонҳои Русия дар минтақаи Урал дастикам 8 нафар корманди нируҳои вижаи пулис ё ОМОН ҳангоми барқарор кардани назм дар зиндон ҷароҳат бардоштаанд. Ҷузъиёт дар бораи рӯйдоди зиндони Копейск номаълум боқӣ мондааст.
Бино ба гузоришҳои расида, тақрибан 250 нафар зиндонӣ ба боми зиндон баромадаанд ва ва талаб кардаанд, ки як гурӯҳи зиндониёнро аз зиндони махсуси шиканҷа раҳо кунанд.
Баъзе аз хешовандони зиндониён ва зиндониёни пешин низ дар назди зиндон ҷамъ шуданд ва ба эътирози зиндониён пайвастанд. Дар беруни зиндон баъзе ҷамъшудагон ба сӯи пулис бутилкаҳои шишаӣ партоб кардаанд.
Пулис тақрибан 30 нафари онҳоро боздошт намуд ва мегӯяд, аксари онҳо маст будаанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, зиндониён шикоят кардаанд, ки дар дохили зиндон онҳоро зери шиканҷа мегиранд.