Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се афсари милисаи тоҷикро ҷазо додаанд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шикояти як нафар, ки аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо расидааст, се афсари вазоратро ҷазо додаанд. Дар як иттилоъия дар торнамои вазорат гуфта мешавад, як нафар аз рафтори дағалона ва “ғайриоинномавии” Нуқра Абрагимова корманди Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғону ҷавонон бо бачаҳои ба инҷо афтода шикоят кардааст ва баъди таҳқиқ маълум кардаанд, ки шикояти расида ҳақиқат дорад. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои рафтори ғайрионномавӣ ва беназоратӣ се афсари қабулгоҳ-таҳвилгоҳ Нуқра Абрагимова ва Зубайдова Н. Ю ва Сафарова.С.Б ҷазои интизомӣ гирифтанд, вале дар бораи худи ҷазо чизе гуфта нашудааст. Ба ин муассиса умдатан бачаҳои хиёбонӣ меафтанд ва ё ноболиғоне, ки роҳгум задаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ дар моҳи равон аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо 67 арзу шикоят расидааст, ки аксаран дар бораи қонуншиканӣ ва риоят накардани тартиботи ҷамъиятӣ будааст. Дар иттилоъияи вазорат, ки дар торнамои он нашр шудааст, гуфта мешавад, ки 38 хабару шикояти воридшударо таҳқиқ карда ва посухи онҳоро додаанд. Дар ин иттилоъия ҳамчунин омадааст, ки баъзеҳо аз тариқи ин телефон (+37 2212121) хабарҳои дурӯғ дода ва боиси зоеъ шудани вақту нерӯи ниҳодҳои марбутаи вазорат шудаанд.
XS
SM
MD
LG