Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин "зӯри бозуи" худро ба намоиш гузошт


Давлати Чин мегӯяд, ки як ҳавопаймои ҷангиаш бо муввафақият дар нахустин нови ҷангии ин кишвар нишаст. Вазорати дифоъи Чин, гуфт, ҷангандаи J-15, ки бо нусхабардорӣ аз ҳавопаймои русии Су-33 сохта шудааст, чанде пеш зимни тамринҳо дар киштии ҷангии “Лиаонинг” нишаст. Чин ҳавопаймои нимасохтаи мероси шӯравиро соли 1998 аз Украина харид ва онро тайи чанд сол бо такмилу таҷҳиз барои истифода омода кард. Ҳавопаймои J-15 танҳо ду моҳи пеш расман барои истифода ба нерӯҳои мусаллаҳи Чин дода шуд. Чин тақвияти қудрати низомиашро дар замоне намоиш медиҳад, ки бо Ҷопону Ветнам ва Филлипин бар сари қаламрав даъво дорад.
XS
SM
MD
LG