Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни тармими ду шоҳроҳи Қирғизистон


Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, эълом кард, ки тармим ва навсозии ду роҳи муҳими мошингард, ки кишварашро ба Тоҷикистону Чин мепайвандад, ба поён расидааст. Роҳҳои Уш-Саритош-Эркештам ва Саритош-Қарамиқ ду шоҳроҳи муҳим дар ҷануби Қирғизистон аст, ки ба Вилояти Бадахшони Тоҷикистон низ васл мешаванд. Тиҷорат миёни Уш ва Бадахшон ҳам зиёд аст. Барои тармими ҳарду шоҳроҳ, ки дар маҷмӯъ 400 километр тул кашидаанд, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд 220 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG