Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти адиби шинохтаи тоҷик Теша Раҷаб


Субҳи барвақи рузи шанбе, 24-уми ноябр, Теша Раҷаб, журналист ва публисисти шинохтаи тоҷик дар сини 73 солагӣ аз олам даргузашт.

Дар маросими дафни публисисти тоҷик, Теша Раҷаб доираи васеи аҳли эҷод ширкат дошт.

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ки дар маросими видоъ, даргузашти Теша Раҷабро як талафоти азим дар публисистикаи тоҷик унвон кард ва гуфт, ки «осори рузноманигорӣ ва баъдан адабии публисист дар хазинаи фарҳангии кишвар ҷойгоҳи боарзиш дорад.»

Теша Раҷаб пас аз хатми Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ, дар Мактаби ҳизбии Тошканд, факултаи журналистика таҳсили худро идома дод.

Дар солҳои 70-ум Теша Раҷаб сардабирии маҷаллаи русизабони «Агитатор», ки дар Тоҷикистон ба нашр мерасид бар уҳда дошт. Вай ҳамзамон дар нашрияҳои тоҷикӣ ба мисли «Ҷумҳурият», «Маориф ва маданият» ва нашрияҳои дигар мақолаҳо нашр кардаст.

Пас аз солҳои нооромӣ Теша Раҷаб ҳамоно ба қаламкашӣ идома медод ва таи чанд соли охир ба навиштани шеъру ҳикоя низ даст зад, ки дар нашрияҳои адабии кишвар ба табъ расидаанд.
XS
SM
MD
LG