Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди русро аз зиндон раҳо карданд


Валентин Данилов, як донишманди русро, ки бо гуноҳи ҷосусӣ зиндонӣ шуда буд, баъди адои 8 соли ҳукмаш озод карданд. Валентин Даниловро соли 2004 дар аҳди аввали Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Чин ба 14 соли зиндон маҳкум карда буданд вале бар асоси Қонуни афв ҳукмаш кӯтоҳ карда шуд. Ӯ рӯзи шанбе баъди раҳоиаш дар шаҳри Красноярск гуфт, ки худро зиндонии сиёсӣ медонад, зеро иттилоъе, ки ба чиниҳо додаааст, асрори давлатӣ набуд. Ин Пажӯҳишгари 66-солаи Донишгоҳи Давлатии Красноярск эътироф кардааст, ки иттилоъ дар бораи моҳворасозиро дар ихтиёри як ширкати чинӣ гузоштааст, вале гуфтааст, ки ин иттилоъ аз пеш дар манобеъи озод ҳам дастрас буд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегуянд, парвандаи Валентин Данилов, намунаи рафтори ҳукумати Русия аст, ки додгоҳро ба ҳайси абзоре ба зидди мухолифони худ истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG